Вохӯрии раиси суди ноҳияи Муъминобод бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон
Бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Муъминобод санаи 5 июни соли ҷорӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод вохӯрӣ доир гард.