Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати иди касбии кормандони мақомоти судӣ



Санаи 24 октябри соли равон, дар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бахшида ба рузи кормандони мақомоти судӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Шавкат, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода ва намояндагони ҳокимияти судии вилояти Хатлон, инчунин собиқадорон ва меҳмонони фахрӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Роҳбарияти суди вилояти Хатлон кулли кормандонро бо иди касбӣ — Рӯзи кормандони мақомоти суд самимона табрик намуда, барояшон сарбаландию некномӣ, тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беназирро таманно намуданд.
Ҳамзамон Раиси суди вилояти Хатлон судяҳо ва кормандони дастгоҳи судиро бо <<Ифтихорнома>> бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ сарфароз гардониданд.
Суди ноҳияи Муъминобод 