Маърифати ҳуқуқӣ

Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ — кафили оромии чомеа ба ҳисоб меравад.
Зимни ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд гардид, ки ба муносибати ҷашнгирии 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 «Соли
маърифати ҳуқуқӣ» элон карда шавад.
Дар ин замина дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти Nº668 соли 2024 дар кишвари азизамон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Масьалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил
медиҳад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маьрифати ҳуқуқии шаҳрвандон,
бахусус ҷавонону наврасон аҳамияти хоса зоҳир менамоянд ва дар
суханрониҳояшон оиди ин масьала таькид менамоянд.
Маърифати ҳуқуқӣ ин маҷсӯйи андешаҳои одамон дар бораи қонун,
татбиқо он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, маълумот, меьёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.
Бо ин мақсад аз ҷониби роҳбарияти суди нохия нақша-чорабиноҳо тартиб
дода шуда, дар асоси он роҳбарият ва кормандони суди бо мақсади баланд бардоштани сатҳи матрифати ҳуқуқии шаҳрвандон мунтазам дар
ташкилоту идораҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ бо кормандону сокинон суҳбату вохӯрӣ доир менамоянд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ пайваста барои ободии рӯзгори мардум, бехтаркунии вазъи ичтимоии он тадбирҳо меандешад.
Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳнат, муошират ва рафтори шахс зери низоми тасири тарбияи маданию фарҳангй ва ҳуқуқӣ, таълим ва ташаккул меёбад.
Набояд фаромуш сохт, ки маърифати ҳуқуқӣ чузъи муҳими ҷомеа ва давлати пешрафта мебошад.
Вазифаи асосии маърифати ҳуқуқӣ дар анҷом додани корҳои тарбияви оид ба ташаккули сифатҳои ҳуқуқии инсон ифода меёбад.
Бо назардошти гуфтаҳои болоӣ мо шаҳрвандони пуршарафро, ки дар чунин ватани ободу зебо зиндагӣ мекунем, мебояд барои нигоҳ доштану ба наслҳои оянда расонидани кишвари ободу зебоямон ва тарбияи наслҳои арзанда саъю
кӯшиш намоем.

Судя Алимзода Ш.А.