Забон омили асосии муошират.

Воқеан, ҳам забон гаронбаҳотарин ихтирооти инсон аст, ки тавассути он одамон бо ҳам муомила мекунанд, бо зиндагии мардуми дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.
Забони модарии мо – забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи нисбатан пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, ба шарофати хидматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони барўманди халқи тоҷик аз устод Рўдакӣ то устод Садриддин Айнӣ дар шакли зебо бо захираҳои бою рангини луғатҳо, осори гаронбаҳои илму адабӣ дар шакли назму насри беҳамто ба зинаҳои баландтарини ташаккул ва таҳаввулоти худ расидааст. Мо аз ин мерос ифтихор мекунем. Бешубҳа яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва устувории миллати шарафманди мо маҳз ин забони шево ва гўё, ки ба он осори илмӣ ва адабиёту фарҳанги ҷаҳоншумул эҷод гардидааст, ба шумор меравад. Миллати тоҷик дар арсаи шадиди муносибатҳои табақавию ҷамъиятӣ ва иҷтимоӣ байни қавму миллатҳои дигар маҳз тавассути ин сарват мавқеи устувор ёфт ва аз байн нарафт.
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдори буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Аз ин рў забони миллат ҳамчун бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забони модарии мо баъд аз қабули Қонуни забон ва махсусан дар даврони Истиқлол ба таври бесобиқа густариш ёфта, беш аз пеш нақшу мақом ва манзалати хешро ба ҳайси забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам менамояд, ки ин аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушишҳои пайвастаи Сарвари он, Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба таври васеъ амалӣ гардида истодааст. Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ва таҷлили Иди забонро ҳамчун бузургтарин руйдоди даврони Истиқлолият ва давраи эҳёи забони тоҷикӣ баҳо додан мумкин аст. Воқеан, ҳам забон гаронбаҳотарин ихтирооти инсон аст, ки тавассути он одамон бо ҳам муомила мекунанд, бо зиндагии мардуми дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро ба наслҳои оянда мерос мегузоранд.
Рӯзи забони давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!

