Вохӯрии гуруҳи корӣ бо роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сикинон ва фаъолони ноҳияи Муъминобод бахшида ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”
Имрӯз бо ташаббуси вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар бинои МИҲД-и ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон вохӯрии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо сокинон ва намояндагони сохторҳои дахлдори ноҳия доир гардид.
Вохӯрӣ ҷиҳати амалӣ намудани нақша чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба роҳ монда шуда, гуруҳи кории таблиғотию фаҳмондадиҳиро роҳбарияти вазорат, намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон ва ҳуқуқшиносон ташкил медиҳанд.