Вохўрӣ бo омӯзгорон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оиди баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ

30 апрели соли ҷорӣ, ҷиҳати эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар асоси нақшаи кории суди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо омӯзгорон ва сокинони Ҷамоати шаҳраки Муъминобод вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023, пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”доир гардид.