Вохӯрӣ бo кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод” ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ
Идомаи корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби судяи суди ноҳия бо кормандони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил дар ноҳияи Муъминобод” ва омӯзгорон санаи 30 майи соли 2024 вохӯрӣ доир гардид.