Таҷлили рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Муъминобод

Имрӯз 3 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеъ баргузор шуд, ки дар он раиси суди ноҳия Раҳмон Ҷ.Қ. баромад намуда қайд кард, ки 6 ноябри соли 1994 бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим саршавии низоми нави давлату давлатдорӣ, муносибатҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсӣ дар ҳаёти давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Қабул гардидани қонуни асосии кишвар муҳимтарин арзишҳои бунёди ҷомеаи башариро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои инсон, ҷомеа ва давлат дар худ таҷассум намуда, хусусиятҳои давлати Тоҷикистонро ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва иҷтимоию ягона арзёби намудааст.

Дар таҳия ва қабул гардидани Конститутсия саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Чуноне Пешвои муаззами миллат қайд намуданд «Аз баракати ин санади олии тақдирсоз ва ифодакунандаи мақсаду мароми давлати соҳибистиқлоламон то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии халқи мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал пайвастанд. Конститутсия пеш аз ҳама ба омилҳои муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт».

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, онҳо арзиши олӣ эътироф гардидаанд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мавқеи худро дошта, мутобиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давми 29 соли амали худ дар бахши тақвият бахшидан ба сохтори давлатдорӣ, танзими ҳуқуқӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ нақши асосӣ дошта, фаъолияти муътадили давлатиро таъмин намуда, роҳбаладу роҳнамои мост.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак ҳамватанони азиз!

Раиси суди

ноҳияи Муъминобод

Раҳмон Ҷ.Қ.