Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Муъминобод

23 майи соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод бахшида ба Рӯзи ҷавонон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси суди ноҳия Саидшозода З.С. суханронӣ намуда қайд карданд, ки маҳз таваҷҷуҳи  Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон буд, ки 23 майи соли 1997 пас аз мулоқот бо намояндагони ҷавони мамлакат Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон»-ро ба имзо расид.

Иқдоми дигари бузурги Президенти мамлакат- ин моҳи майи соли 1998 Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон намудани 23 май буд.

Дар қатори ҷавонони минтақаҳои дигари Ватани маҳбубамон ҷавонони ноҳияи Муъминобод низ аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баҳраи зиёд гирифта, дар посух ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат бо таҳсили хуб, эҷодкорӣ, фаъолияти пурмасъул ва зиракию омодагии доимӣ барои ҳифзу ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва марзу буми аҷдодӣ миллатдӯстӣ ва ватанпарварӣ нишон медиҳанд

Дар фарҷом бархе аз ҷавонон, ки дар соҳаҳои гуногун фаъолият доранд, аз ҷумла котиби маҷлиси судии суди ноҳия Абдуназарзода Ғ. ба муносибати Рӯзи ҷавонон бо Ифтихорномаи Раиси ноҳия қадрдонӣ  карда шуданд.