Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ“
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 таҳти №668 соли 2024 дар ҷумҳурӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шуд.
Масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон аҳмияти хоса зоҳир менамоянд ва дар суханрониҳояшон, бахусус паёмҳои ҳарсолаашон оиди ин масъала таъкид менамоянд.
Бо ин мақсад аз ҷониби судяи суди ноҳияи Муъминобод 15 майи соли ҷорӣ бо кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳия суҳбати судманд баргузор гардид.
Зимни суҳбат вобаста ба ташаккули манавиёти солиму созанда, сарҷамьона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм, баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ кардани ифротгарой, хурофотпарастӣ ва вайронкунии маҳдудиятҳои бо қонун муқарраршуда зикр карда шуд.