ШАРҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Субҳи имрӯз, 2 феврали соли 2024 вобаста ба шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.