Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон

Имрӯз 23 ноябри соли 2024 дар ноҳияи Муъминобод ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши мутантани ноҳиявӣ ва роҳпаймоии идона баргузор гардид. Дар он роҳбарияти МИҲД, кормандони ташкилоту муассисаҳо, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо, ҷавонон ва варзишгарон, инчунин, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, фаъолона иштирок карда, эҳтироми Парчами давлатиро ҳамчун саодатномаи миллат, нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварданд.

Роҳпаймоии идона дар фазои идона, бо шиору парчамҳо дар дасти иштирокчиён доир гардида, онҳо бо ифтихори бузург ва самимияти бепоён ҳамдигарро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбодӣ мегуфтанд.

Пас аз роҳпаймоии идона дар Қасри фарҳанги ноҳия қисмати тантанавии ҳамоиш барпо гардид. 

Раиси ноҳия Амирзода С. иштирокдорон ва сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Сипас ҳамоиши тантанавӣ бо дастагули суруду таронаҳо ва композитсияи адабии аҳли ҳунари ноҳия, ки тараннумгари Истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ, фарҳангу тамаддуни ғановатманд ва сарзамини маҳбуб буд, идома ёфт.