Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2025



Имрӯз, 7 августи соли 2025 бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти АП-1677 аз 4 марти соли 2005 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нишасти матбуотӣ ба ҷамбасти фаъоляти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 бахшида шуда, дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Ализода Зариф, муовинон, раисони колегияҳо, судяҳо ва сардорони Раёсатҳои Суди Олӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Дар оғози ҷаласа Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, намояндагони васоити ахбори оммаро бо натиҷаҳои фаъолияти ҳокимияти судӣ дар нимсолаи якуми соли 2025 шинос намуд.
Сипас, намояндагони ВАО саволҳои худро пешниҳод карданд, ки ба ҳар яки онҳо аз ҷониби роҳбарияти Суди Олӣ посухҳои мушаххас дода шуданд.