Конститутсия — бахтномаи миллат
Воқеан санаи 6 ноябр барои мардуми тоҷик санаи тақдирсоз ва хотирмон мебошад. Зеро дар ин рӯз мардуми сарбаланди тоҷик қонуни асосии худро тариқи раъйпурсии умумихалқи қабул кард.
Ҳанӯз дар ибтидо Пешвои миллат қайд карданд, ки “Имрӯз замоне фаро расидааст, ки дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем аз ин рӯ, бе доштани Конститутсия эҷоди ин гуна давлат номункин аст”
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 30 — солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст.
Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.
Конститутсияи амалкунанда, дар муқоиса аз дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омада истодааст. Он як қатор арзишҳои демократии сохтори конститутсиониро ба монанди: соҳибихтиёрӣ ва мустақилият, давлати ҳуқуқбунёд, ҳокимияти халқӣ, волоияти қонун, бисёрҳизбӣ, эътирофи шахсият ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои он, таҷзияи ҳокимият ба се шохаи мустақил, гуногунандешии сиёсӣ ва мавкуравӣ, инкишофи худидоракунии маҳаллӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва ҳимояи баробарии ҳамаи шаклҳои моликият, тақвияти назорати судӣ, институти президентӣ ва ғайраҳоро дар худ таҷассум намуд, ки конститутсияҳои қаблӣ ин гуна арзишҳоро надоштанд. Конститутсия истиқололияти давлатиро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи инкишофи ҷомеаи навинро муайян кард. Дар ҷомеае, ки мо зиндагӣ дорем, хеле зуд тағйирёбанда мебошад, муносибатҳои нав ба вуҷуд меоянд ва барои пурра танзим намудани онҳо моро зарур меояд қонунгузории миллиамонро низ такмил диҳем. Бинобар ин бо мақсади комилан ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ намудани меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ва қавитар намудани ваҳдати миллӣ лозим омад дар баъзе қисматҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоем. Ин тағйироту иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд, ки минбаъда ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа замина гузоштанд.
Тибқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад, ва эътибори олии ҳуқуқӣ дорад.
Ин талабот дар моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки “Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Дар қисми аввали моддаи мазкури ин ҳуҷҷати муҳим афзалияти меъёрҳои Конститутсия нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, қарорҳои мақомоти қонунгузор, иҷроия ва ғайра) муқаррар шудаанд. Ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз Конститутсия сарчашма мегиранд ва набояд ба он зид бошанд. Дар мавриди зиддият доштани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Конститутсия, онҳо эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, меъёрҳои Конститутсия эътибори олии ҳуқуқиро доро мебошанд. Конститутсияи замони истиқлолият аз ҷиҳати назариявӣ пурра ба талаботи қонунофаринии ҷаҳон ҷавобгӯ буда, ба Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон шомил мебошад.
Барои мо судяҳо боиси ифтихор аст, ки дар Конститутсия боби алоҳида, яъне боби ҳаштум, ки моддаҳои 84-92- ро дар бар мегирад ба нозоми судӣ бахшида шудааст.
Тибқи муқаррароти моддаи 84- и Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Бояд қайд кард, ба хотири ҷашнгирии 30- солагии ин санади тақдирсоз аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28 декабри соли 2023, соли 2024- ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд.
Бо истифода аз фурсат тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳонро ба муносибати 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, хонаи обод, бурдборӣ ва ба Ватани азизамон боз ҳам шукуфоии беш аз бешро таманно дорам.
Судяи суди ноҳияи Муъминобод Алимзода Ш.А.