Иштироки судяҳо дар тренинг
Аз 9-12 октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳисор, осоишгоҳи «Баҳористон» тренинг дар мавзуйи «Методикаи оғоз намудан, омодасозӣ, муҳокимаи судӣ ва таҳияи ҳалномаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар мурофиаи даъвогӣ» баргузор мегардад, ки дар он судяи суди ноҳияи Муъминобод Алимзода Ш.А. иштирок дорад.