Иштироки Раиси суд дар ҷамъбасти тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Муъминобод дар нуҳ моҳи соли 2025

Санаи 15.10.2025 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Муъминобод баргузор гардид.

Дар кори маҷлис намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шаҳидуллозода Озар, муовинони Раиси ноҳия, сардорони шуъбаҳо ва намояндагони касбу кори гуногун инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок намуда, масъалаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.