Иштироки Раиси суд дар ҷаласаи саёри Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Муъминобод


Санаи 30 сентябри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ҷаласаи саёри Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Муъминобод баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.
Аз ҷумла ҳолати иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон << Дар бораи муқовимат ба терроризм >>, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон << Дар бораи муқовимат ба эктремизм >> ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ин самт барои соли 2024 ва нӯҳ моҳи соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Дар ҷаласаи саёри Шӯро роҳбарони мақомотӣ ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баромад карданд.