Иттилоот (Page 6)

Иттилоот

16 ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Муъминобод маҷлиси васеъ баргузор гардид. Дар аввал раиси суд суханронӣ намуда қайд кард, ки рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон абармардон ва шахсиятҳои […]
Имрӯз 3 ноябри соли 2023 дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеъ баргузор шуд, ки дар он раиси суди ноҳия Раҳмон Ҷ.Қ. баромад намуда қайд кард, ки 6 ноябри соли 1994 бори аввал тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим саршавии низоми нави давлату давлатдорӣ, муносибатҳои
Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон санаи 6 ноябри соли 1994  Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи моддаи 9-и он он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 9-12 октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳисор, осоишгоҳи «Баҳористон» тренинг дар мавзуйи «Методикаи оғоз намудан, омодасозӣ, муҳокимаи судӣ ва таҳияи ҳалномаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар мурофиаи даъвогӣ» баргузор мегардад, ки дар он судяи суди ноҳияи Муъминобод Алимзода Ш.А. иштирок дорад.
Воқеан, ҳам забон гаронбаҳотарин ихтирооти инсон аст, ки тавассути он одамон бо ҳам муомила мекунанд, бо зиндагии мардуми дигар ошно мегарданд ва таҷрибаи зиндагии худро  ба наслҳои оянда мерос мегузоранд. Забони модарии мо – забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи нисбатан пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ  гузашта, ба
Аз санаи 27 — 29 сентябри соли 2023 дар истироҳатгоҳи «Сароб»-и ноҳияи Варзоб, судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон тренинг дар мавзӯи ВНМО/БПНМ ва ҳуқуқи инсон баргузор мегардад, ки дар он судяи суди ноҳияи Муъминобод Алимзода Шодӣ иштирок дорад.
11 марти соли 2023 дар Деҳлии Нав таҳти раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаласаи 18-уми Раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раисон, муовинон ва судяҳои  судҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳҳои судҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ озмун эълон менамояд: Дар суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва судҳои шаҳру ноҳияҳои он Мудири шуъбаи таъмину ташкили кори судҳои суди ВМКБ — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1653,95 сомонӣ,
Имрӯз, 24 ноябри соли 2022 дар Суди Олӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, қайд намуданд, ки Парчами Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ба