Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи андешаҳои одамон дар бораи қонун, татбиқи он ва фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ мебошад, ки дар шакли дониш, эътиқод, меъёрҳо ва муносибатҳои аз ҷониби ҷомеа қабулшуда ташаккул ёфтааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон ва муносибати эҳтиромона ба он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷониби раиси суди ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳо 21 майи соли ҷорӣ бо сокинони деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуд.