Рӯзи даъватшаванда дар ноҳияи Муъминобод

Санаи 1-уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки Раиси суди ноҳияи Муъминобод Саидшозода З.С. чорабинии тантанавӣ ба муносибати рӯзи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

— Воқеан ҳам, хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як ҷавонмард қарзи муқаддас ва шарафи бузург аст. Бигзор дар ин роҳи пуршараф ҳамеша матонат, иродаи қавӣ ва садоқат ба Ватан ҳамроҳи Шумо бошад — иброз доштанд Раиси суд Саидшозода З.С.