Модар — муқаддастарин ва азизтарин неъмати зиндагӣ!

Модар — муқаддастарин ва азизтарин неъмати зиндагӣ аст.
Ҳеҷ калимае наметавонад тамоми меҳру муҳаббат ва заҳматҳои модарро баён кунад.
Модар бо дуои некаш роҳи моро равшан мекунад, бо муҳаббаташ дилҳоро гарм мекунад
ва бо меҳрубониаш зиндагиро зебо мегардонад.
Имрӯз бо тамоми эҳтиром ва муҳаббат
ҳамаи модарони азизро бо Рӯзи модар табрик мегӯем!
Бигзор умратон дароз, дилатон пур аз шодӣ,
хонадонатон пур аз баракат
ва зиндагиятон пур аз хушбахтӣ бошад.
Рӯзи модар муборак, модарони меҳрубон!
Суди ноҳияи Муъминобод 