Муъминобод: Таҷлили мутантани рӯзи модар


5-уми соли равон дар қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод ба ифтихори рӯзи модар чорабинии бошукӯҳи идона доир гардид, ки дар он раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ, раиси суди ноҳияи Муъминобод Саидшозода Зафар Сафаралӣ ва дигар роҳбарону кормандони касбу кори гуногун иштирок варзиданд.
Воқеан ҳам, инсон дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳаббате поку самимӣ ва беғаразтар аз муҳаббати модарро пайдо карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, модар, на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат маҳсуб меёбад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишвар мақому манзалати зан дар ҷомеа пайваста баланд гардида, барои фаъолият ва иштироки онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Суди ноҳияи Муъминобод 