МУЪМИНОБОД: ИДОМА АЗ СУҲБАТУ ВОХУРИҲОИ РАИСИ НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД АМИРЗОДА САЙВАЛӢ РАҲМОНАЛӢ, ПРОКУРОРИ НОҲИЯ НАБИЗОДА НАБӢ МИРЗОНАИМ ВА САИДШОЗОДА ЗАФАР- РАИСИ СУДИ НОҲИЯ ВА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ТУТИЁН»

Имрӯз, 3.02.2026 дар доираи нақшачорабиниҳои тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод дар маҷлисгоҳи бинои ҷамоати деҳоти Тутиён вохурии раиси ноҳияи Муъминобод Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ, прокурори ноҳия Набизода Набӣ Мирзонаим ва раиси суди ноҳия Зафар Саидшозода бо сокинони ҷамоати мазкур вохурӣ доир намуда, роҷеъ ба муҳимияту супоришҳои Паёмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату фаҳмондадиҳӣ доир гардид. Сароғоз, раиси ноҳия Амирзода Сайвалӣ Раҳмоналӣ муҳимияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба бошандагони ҷамоати мазкур расонида, хусусият ва муҳимияти ҷудогонаи Паёми навини Пешвои сулҳпарвари тоҷикони ҷаҳонро шуруъ аз пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, истифодаи оқилонаи қитъаҳои замин, кишти барвақтии картоша, истифодаи самараноки нерӯи барқ, муҳимияти қонунҳои амалкунанда дар соҳаи барқ, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва бозҳам боло бурдани соҳаи калидии ҷомеа, ки маориф ба ҳисоб меравад, ба мардум баён сохт. Идомаи вохурӣ бо баромади ин ду тан ваколатдори ноҳия Набизода Набӣ ва Саидшозода Зафар шакли тоза гирифта, роҷеъ ба масоили ҳуқуқию иҷтимоии истифодаи неруи барқ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни аҳолӣ ва масъалаҳое ки барои беҳбудии рӯзгори мардум манфиатборанд аз нигоҳи ҳуқуқи фаҳмонида шуд.