ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Шукри истиқлолу сарвар мекунем,
Шукри ободии кишвар мекунем.
Шукри он зоте, ки моро ҳаст кард,
Шукри бому хонаву дар мекунем.

Оре ҳамдиёрони азиз Истиқлолият воқеан ҳам неъмати бузург ва бебаҳост.

Бахшида ба ин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар суди ноҳияи Муъминобод 6 сентябр нишаст баргузор гардид.

Дар аввал судяи суди ноҳия Алимзода Ш.А. сухани табрикӣ намуда қайд кард, ки Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву хамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлолият роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеъаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. Маҳз бо шарофати ба даст даровардани истиқлолият ба наврасону ҷавонони мо имконият фароҳам омад, ки дониш, қобилият ва маҳорати хешро дар ҳамаи самтҳо инкишоф диҳанд, ватани худро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намоянд, пешсаф бошанд ва ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам гузоранд.

Истиқлолият зиндагии ноороми мо мардуми тоҷикро ба манзараи рангоранг ва ватани азизамонро ба як макони беназир , бемислу монанд ва макони сайёҳони хориҷӣ табдил дод.То имрӯз дар муддати 33-соли истиқлолият, сарзамини бузурги мо дар тамоми самтҳо аз қабили илму маориф, санъату фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт ва дигарҳо ба пешравиҳои зиёд ноил гардид.

Пас мо сокинони ин сарзамини аҷдодии биҳиштосоро месазад, ки ба қадри ин ҳама ғамхориҳои ҳукумати кишвар расида, ҳамеша дар ободиву озодии ин сарзамини биҳиштосову соҳибистиқлол кӯшиш намоем.

Сипас кормандони дастгоҳи суд низ ба сухан баромада доири Истиқлолият сухан гуфта ба ин санаи таърихӣ якдигарро таҳният намуданд.