РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ
Ҳамасола якуми сентябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимии оливу миёнаи ҷумҳурӣ дар ин рӯз дарси сулҳ гузаронида мешавад. Бахшида ба ин сана дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 50-и ноҳияи Муъминобод низ бо иштироки судяи суди ноҳия, омӯзгорон, хонандагон ва падару модари онҳо чорабинии идона доир гардид. Сараввал иштирокчиён дар толори муассиса суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи дониш, ки бо пахши мустақим тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, сарҷамъона тамошо намуданд.
Сипас судяи суди ноҳияи Муъминобод омӯзгорону хонандагонро ба ин Рӯз
таҳният гуфтанд.