Парчам — рамзи Истиқлол

23 ноябри соли ҷорӣ дар суди ноҳияи Муъминобод дар мавзӯи «Парчам — рамзи Истиқлол» бахшида ба «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси суд Раҳмон Ҷ.Қ. кушода дар сухани ифтитоҳиашон вобаста ба асосҳои ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда қайд карданд, ки мувофиқи моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Парчам рамзи давлатӣ – ифодаи мафкураи асосии давлат мебошад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба парчам ба танзим медароранд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 ва Низомнома «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 декабри соли 1999 мебошанд. Тибқи моддаи 1 Қонуни мазкур «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад». Он ифодагари давлатдории гузашта ва ҳозираи миллати тоҷик мебошад.
Мувофиқи қисми 2 Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Парчам матои росткунҷаест, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: ранги боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо ранги сабзи поён баробар мебошад; ранги сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рўи рахи сафед, аз ҷои чўбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлўи амудиаш 0,8 ва паҳлўи уфуқиаш 1,0- и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгўша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5- и паҳнои рахи сафед ҷой мегирад. Тоҷи баландиаш 0,55 и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2 — и барии рахи сафед моил мегардад»
Рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун рамзи инкишофи таърихии давлати тоҷикон аст.
Ранги сурх – мубориза барои истиқлолиятро ифода мекунад. Ин ранг бо ҳаракату пешравӣ алоқаманд аст. Ҳамчунин, ранги сурх ифодагари қувва, матонат, гармӣ, ҷасурӣ, диловарӣ ва мақсадҳои нек мебошад.
Ранги сафед – тозагӣ, ростӣ, бегуноҳӣ, хайрхоҳӣ, бахту иқбол, озодӣ, сулҳ, беѓаразӣ, бузургиро ифода мекунад.
Ранги сабз – рамзи сарбаландӣ, хушнудӣ, хуррамӣ, сарсабзӣ, беѓамӣ мебошад.
Дар моддаи 5 Қонун тартиби афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Аз рўи муқаррароти моддаи мазкур Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад: дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ; дар болои биное, ки ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо, ноҳияҳо, маҷлисҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳот гузаронида мешаванд ва ғайра.
Тибқи моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбини шудааст.

Ҳамаи кормандони суд ва дар симои онҳо наздиконашонро ба муносибати «Рӯзи Парчам» таҳният гуфта, Истиқлолияти абадӣ ва оромии сартосарӣ дар ватанамонро таманно намуданд.

Сипас судяи суди ноҳия Алимзода Ш.А. кормандонро ба муносибати «Рӯзи Парчам» табрик гуфта, аз таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд кард, ки сабаби дар ин рўз ҷашн гирифтани иди Парчам ин аст, ки аввалин бор Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 аз тарафи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда буд. Ташаббускори ҳамчун иди давлатӣ қайд кардани Рўзи Парчам худи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд.
Ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландии 165 метр, бо бар ва дарозии 30×60 метр дар шаҳри Душанбе афрохта шудааст.

Котиби маҷлиси судии суди ноҳия Восифзода Б.Ш. ҷамъомадро идома бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандонро табрик намуда, илова кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи кишвари озоду соҳибистиқлол, демокративу ҳуқуқбунёди миллати тоҷик буда, нишонаи олии тамаддунофарӣ, созандагӣ ва муборизаи халқи шарифи тоҷик дар роҳи озоду истиқлолхоҳӣ мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Парчам ва парчамдорӣ дар таърихи давлатдории халқи тоҷик таърихи дерина дошта, дар маъхазҳои таърихӣ ҳодисаҳои пурифтихори миллӣ дарҷ гардидааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннат асоси ҳастӣ ва пешбурди умури давлатдории гузаштагони пурифтихори моро ташкил дода, намунаи олии он Дирафши Ковиёнӣ баҳисоб меравад, ки аз аҳди қадим то поёнии давлатдории Сосониён мавриди истифода қарор дошт.

Шоёни зикр аст, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонанд, ки дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳуввияту худшиносии миллӣ нақши калон дорад.

Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Ҳайати кормандони суди ноҳияи Муъминобод.