Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Муъминобод

16 ноябри соли 2023 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суди ноҳияи Муъминобод маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Дар аввал раиси суд суханронӣ намуда қайд кард, ки рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон абармардон ва шахсиятҳои таърихии худро доранд, ки дар марҳилаҳои барои кишварашон мураккаб сари қудрат омада масъулияти вазнини пешрафти кишварашонро бар душ гирифтанд.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуда маҳбуби қалби миллати тоҷик гардиданд.
Бо рӯзи Президент кулли мардуми кишвари азизам ва ҳамкасбони гиромиро самимона муборакбод гуфта, абадии сулҳу субот, оромӣ ва истиқлолияти Ватани азизамонро таманно дорам.
Раиси суд Раҳмон Ҷ.Қ.
Сипас судяи суди ноҳияи Муъминобод Алимзода Ш.А. ва котиби маҷлиси судӣ Абдуназарзода Ғ.А. дар ин мавзӯъ суханронӣ намуда аз корнамоиҳои Пешвои Миллат ёдовар шуданд.
Аз ҷумла қайд гардид, ки маҳз бо шарофати ин абармарди бузург ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида шуда, истиқрори сулҳу ваҳдат, оромӣ ва субот дар ҷомеаи имрӯза ба даст омад.
Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, барқарорсозии ниҳодҳои ҳукумат, шохаҳои ҳокимияти сиёсӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, қонуният, адолат ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат тақвият ёфтанд, таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол, иқдом ва ташаббус дар самти эҷод ва қабули қонунҳои нави миллӣ, таъмини рушди устувори ҷомеа, пешрафти иқтисодиёт, боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз байн рафтани маҳдудиятҳо дар таъминоти барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва молҳои ниёзи мардум, саноатикунонии босуръати кишвар барои таъмини устувории иқисодиёт, таҳкими ғоя ва андешаи миллӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии мардум, эҳёи мерос ва суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, поягузории сиёсати муваффақонаи хориҷӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ, сиёсати дарҳои кушод, ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои ҷаҳон бар пояи баробарӣ, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар низ заҳматҳои беназири шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон мебошанд.



