26 октябр «Рӯзи кормандони мақомоти судӣ»

Аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон санаи 6 ноябри соли 1994  Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки тибқи моддаи 9-и он он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба танзими ҳокимияти судӣ чун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амали намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Моддаи 87-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар кардааст: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва баамалбарории адолати судиро пурра таъмин менамояд. Мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти судӣ, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

Дар идомаи такмили қонунгузории низоми судии кишвар соли 2001, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистион “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини сохтори судии мустақилу беғараз, рушди нақш ва мавқеи суд, такмили фаъолияти солҳои 2007-2009, 2011-2013, 2015-1017 ва 2019-2021 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, дар ин самт барои иҷрои як қатор чорабиниҳо дар назди мақомот вазифаҳои мушаххас гузошта, тӯли солҳои охир дар ин раванд қонунгузории амалкунанда такмил ёфта, бо мақсади такмили ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори он дар ҷомеа, шаффофу босамар гардонидани фаъолият ва таъмини мустақилияти судяҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад.

Аз фурсат истифода бурда тамоми кормандони ҳокимияти судии Ҷумҳуриамонро ба ин рӯзи пурифтихор табрик мегӯям.

Судяи суди ноҳияи Муъминобод

Алимзода Ш.А.